🇹🇯 Ман кӯшиш мекунам, ки ҳар рӯз беҳтар шавам.
2. 🇷🇺 Не суди человека по внешности.
🇹🇯 Одамро аз рӯйи намуди зоҳириаш баҳо надеҳ.
3. 🇷🇺 Я ценю тех, кто меня понимает.
🇹🇯 Ман онҳоеро қадр мекунам, ки маро мефаҳманд.
4. 🇷🇺 Иногда молчание говорит больше, чем слова.
🇹🇯 Баъзан хомӯшӣ аз суханҳо бештар маъно дорад.
5. 🇷🇺 Каждый день приносит новый опыт.
🇹🇯 Ҳар рӯз таҷрибаи нав меорад.
6. 🇷🇺 Я не хочу тратить время зря.
🇹🇯 Ман намехоҳам вақтамро беҳуда сарф кунам.
7. 🇷🇺 Нужно уметь признавать свои ошибки.
🇹🇯 Бояд хатогиҳои худро эътироф карда тавонист.
8. 🇷🇺 Она никогда не отказывается от своей мечты.
🇹🇯 Ӯ ҳеҷ гоҳ аз орзуи худ даст намекашад.
9. 🇷🇺 Не сравнивай свою жизнь с чужой.
🇹🇯 Зиндагии худро бо зиндагии дигарон муқоиса накун.
10. 🇷🇺 Я верю, что всё получится.
🇹🇯 Ман бовар дорам, ки ҳама чиз хуб мешавад.
11. 🇷🇺 Иногда нужно начинать всё сначала.
🇹🇯 Баъзан ҳама чизро аз нав оғоз кардан лозим аст.
12. 🇷🇺 Хорошие поступки не требуют похвалы.
🇹🇯 Амалҳои нек таърифу таҳсинро талаб намекунанд.
13. 🇷🇺 Я учусь на своих ошибках.
🇹🇯 Ман аз хатогиҳои худам сабақ мегирам.
14. 🇷🇺 Не обещай того, чего не сможешь выполнить.
🇹🇯 Чизеро, ки иҷро карда наметавонӣ, ваъда надеҳ.
15. 🇷🇺 Самое главное — оставаться человеком.
🇹🇯 Муҳимтар аз ҳама — инсон мондан аст.










