Пеш аз имзои шартномаи меҳнатӣ чӣ чизҳоро бояд санҷед: барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, соли 2026.
Пеш аз гузоштани имзо, ин нуктаҳои муҳимро дақиқ санҷед:
🔵Ваколати имзокунанда – боварӣ ҳосил кунед, ки шартномаро шахси ваколатдор (на намояндаи оддӣ) аз номи корфармо имзо мекунад.
🔵Санаи оғози кор ва ҷойи кор – онҳо бояд дуруст сабт шаванд. Агар шумо дар шароити дурдаст (масалан, Шимоли Дур) ё дуркор (онлайн) кор кунед, ин хеле муҳим аст.
🔵Музди меҳнат – маблағи дақиқи моҳона (оклад) бояд дар матни шартнома навишта шавад. Санаҳои пардохт (ҳадди аққал ду маротиба дар моҳ) бояд бо рақамҳои аниқ муайян гарданд.
🔵Мӯҳлати озмоишӣ – набояд аз 3 моҳ зиёд бошад. Баъзе гурӯҳҳои коргарон (масалан, занони ҳомила ва ғайра) умуман аз озмоиш озод мебошанд.
🔵Вақти корӣ ва танаффус – вақти корӣ набояд аз 40 соат дар ҳафта зиёд шавад. Танаффуси хӯрок бояд аз 30 то 120 дақиқа бошад.
🔵Шароити меҳнат – агар коратон зарарнок ё хатарнок бошад, ин бояд дар шартнома дақиқ ишора гардад.
🔵Шартҳои иловагӣ – онҳо набояд вазъи шуморо нисбат ба қонун бадтар кунанд. Шарти «рақобат накунед» (нон-компит) ғайриқонунӣ аст ва эътибор надорад.
🔵Ҳимояи ҳуқуқ – дар сурати вайроншавии ҳуқуқатон, ба муфтиши меҳнат, прокуратура ё суд муроҷиат кунед.
Хулоса: Як бор шартномаро бодиққат хондан метавонад шуморо аз бекоршавӣ, рафтан ба суд ва дигар мушкилот наҷот диҳад. Ҳуқуқҳои худро аз рӯзҳои аввал муҳофизат кунед!
Барои маълумоти бештар дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ – ба сомонаи
http://Migrantguide.ru/ нигаред.
#эксперты
🌐 | 🌐
https://vk.com/tjrusnews| 🌐
https://rutube.ru/channel/59602271| 🌐
https://t.me/tjrusnews_bot!