Хирад Telegram channel photo

Хирад

@khiradtjPublic Channel

Маркази «Хирад» ба тарҷума ва нашри китобҳои мотиватсионӣ, фалсафӣ ва равшоншиносӣ машғул аст.📚 Тамос: @khiradbot; @khiradmin

800

Last views

6.2k (6,245 subscribers)
A'zolar
—
Rating
82
Total Posts
Oct 14, 2026, 8:10 AM
Yangilangan
Apr 4, 2026
Created
Stats

Siz o'zbek tilidagi kontentni ko'rmoqdasiz. Boshqa tillardagi kontentni ko'rish uchun sayt tilini o'zgartiring.

Channel Information

Channel Information
Channel NameХирад
Username@khiradtj
CategoryIlhomlantiruvchi so'zlar
Languageo‘zbek
CountryOʻzbekiston
A'zolar6,245
Channel TypePublic Channel
Created4-apr, 2026
Last Updated14-okt, 2026 • 7 kun oldin
StatusActive

Reyting

Global reyting
#126183+416
Til reytingi
#856-4
Toifa reytingi
#486O'zgarish yo'q

Obunachilar sonining o'sishi

Jami: 6.2K30 Days growth: +681.1%
09/1509/2009/2509/3010/0510/1010/14
Obunachilar sonining o'sishi - 30 Days
DateSubscribers
15:09:20266,177
16:09:20266,177
17:09:20266,197
18:09:20266,197
19:09:20266,197
20:09:20266,197
21:09:20266,197
22:09:20266,197
23:09:20266,197
24:09:20266,197
25:09:20266,197
26:09:20266,197
27:09:20266,197
28:09:20266,197
29:09:20266,197
30:09:20266,197
01:10:20266,197
02:10:20266,197
03:10:20266,197
04:10:20266,197
05:10:20266,197
06:10:20266,197
07:10:20266,197
08:10:20266,197
09:10:20266,197
10:10:20266,197
11:10:20266,197
12:10:20266,197
13:10:20266,197
14:10:20266,245
Obunachilar sonining o'sishi - Weekly
DateSubscribers
Week of 30:03:20266,527
Week of 06:04:20266,496
Week of 13:04:20266,496
Week of 20:04:20266,496
Week of 27:04:20266,431
Week of 04:05:20266,431
Week of 11:05:20266,386
Week of 18:05:20266,386
Week of 25:05:20266,386
Week of 01:06:20266,324
Week of 08:06:20266,324
Week of 15:06:20266,324
Week of 22:06:20266,324
Week of 29:06:20266,298
Week of 06:07:20266,298
Week of 13:07:20266,298
Week of 20:07:20266,244
Week of 27:07:20266,244
Week of 03:08:20266,197
Week of 10:08:20266,197
Week of 17:08:20266,176
Week of 24:08:20266,172
Week of 31:08:20266,172
Week of 07:09:20266,177
Week of 14:09:20266,197
Week of 21:09:20266,197
Week of 28:09:20266,197
Week of 05:10:20266,197
Week of 12:10:20266,245
Obunachilar sonining o'sishi - Monthly
DateSubscribers
April 20266,431
May 20266,386
June 20266,298
July 20266,244
August 20266,172
September 20266,197
October 20266,245
Obunachilar sonining o'sishi - Yearly
DateSubscribers
20266,245

Top 10 posts

Most viewed posts from this channel

By views
  1. #1Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,4.0K
  2. #2Ҳама чизе, ки дар зиндагӣ рух медиҳад, беҳуда нест. Ҳар рӯйдод, ҳар во3.3K
  3. #3Иди рамазон омаду моҳи рамазон рафт.3.2K
  4. #4Бисёр вақт мо на аз худи воқеаҳо, балки аз муқовимате, ки нисбат ба он3.2K
  5. #5Қолаби тафаккури худро пайдо кунед, пеш аз он ки як қолаби аз пеш сохт2.9K
  6. #6🧝🏻‍♀️ Рози содаи хушбахтӣ ин аст, ки аз лаҳза чизе нахоҳӣ…2.8K
  7. #7Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф муборак! 📚2.8K
  8. #8Баъзан бузургтарин душмани оромии мо воқеият нест, балки хаёлҳои худи 2.8K
  9. #9Бузургтарин нишонаи камолот ин аст, ки инсон биомӯзад ба ҳар чизе посу2.8K
  10. #10Одамоне, ки зебо меандешанд...2.7K

So'nggi postlar

Хирад logo
Хирад

16-okt, 2026, 11:47

Photo1/2
Жан Бодрийяр, файласуфи фаронсавӣ, мафҳуме дорад бо номи «вонумуда» (Simulacra) - нусхаҳои сохтае, ки ҷойи воқеиятро мегиранд.
Имрӯз мо дар анбӯҳи иртибот ғарқ шудаем:
паёмҳои фаврӣ, посухҳо, лайкҳо ва боздидҳо.
Гумон мекунем бо ҳам пайвандем, аммо дар асл танҳо «сигнал» радду бадал мекунем.
Самимияти воқеӣ ба ҳузур, ба хомӯшиҳои муштарак ва ба дидани ларзиши нигоҳҳо ниёз дорад.
Вақте иртиботро ба рамзҳои рақамӣ маҳдуд мекунӣ, гӯё рӯҳатро бо ғизои пластикӣ мехӯронӣ: сер мешавӣ, аммо аз дарун аз камғизоӣ ранҷ мекашӣ…
8000010
Хирад logo
Хирад

15-okt, 2026, 18:45

Бо омӯхтан, натанҳо дунёи худро тағйир медиҳем, балки метавонем дунёи дигаронро низ беҳтар кунем. Нахустин подкасти моро, ки гардонандагии онро Ризои Бахромзод бар уҳда доранд, тамошо кунед, лутфан фикру пешҳинодҳои худро дар шарҳ нависед.
https://www.youtube.com/watch?v=MEgo_96GJdk
Video Thumbnail
976005
Хирад logo
Хирад

14-okt, 2026, 09:56

Video
НАХУСТНАМОИШ: 15.10.2026, соати 17:30 дар #Youtube-канали #Хирад
https://www.youtube.com/@khiradtj

Дар барномаи мазкур атрофи нақши олим дар ҷомеа, манфиати илм ва ҷаҳонбинии илмӣ, инчунин розҳои нуҳуфтаи Коинот сӯҳбат сурат гирифтааст. Ҷавобҳои академик #Фарҳод #Раҳимӣ барои доираи васеи тамошобинон ҷолиб хоҳад буд.
1,210006
Хирад logo
Хирад

11-okt, 2026, 13:49

Photo1/2
Мо одатан фикр мекунем, ки барои дигар кардани зиндагӣ бояд якбора ҳама чизро дигар кунем. Аммо Ҷеймс Клир дар китоби «Atomic Habits» нишон медиҳад, ки муваффақият бештар аз қарорҳои бузург не, балки аз одатҳои хурде сохта мешавад, ки ҳар рӯз такрор мешаванд.
Як саҳифа хондан.
10 дақиқа варзиш кардан.
Каме барвақттар хобидан.
Як кори муҳимро ба фардо нагузоштан.
Ин корҳо шояд имрӯз хурд намоянд, аммо вақте пайваста мешаванд, зиндагиро дигар мекунанд.
Ояндаи мо бештар аз орзуҳоямон не, аз одатҳои ҳаррӯзаамон сохта мешавад.
Агар мехоҳед одатҳои хуб созед, аз одатҳои бад раҳо шавед ва бо қадамҳои хурд ба натиҷаҳои калон расед, «Atomic Habits» китобест, ки бояд бихонед.

Суроғаҳои мо:
1. City Mall (82 мкр), супермаркети #Ёвар
2. кӯч. #Шотемур 71 (Спартак), супермаркети #Ёвар
1,6000019
Хирад logo
Хирад

09-okt, 2026, 14:53

Video
Зиндагӣ кун...
Волтер мегӯяд:
«Мо ҳеч гоҳ зиндагӣ намекунем, мо ҳамеша дар интизори зиндагӣ ҳастем.
Ба ҷойи он ки ҳамин имрӯз хушбахт бошем, ба умеди як ояндаи хубу хуш менишинем ва маҳз ба ҳамин хотир имрӯзамонро аз даст медиҳем.
Имрӯз - рӯзи аввали боқимондаи зиндагии туст.
1,6500045
Хирад logo
Хирад

06-okt, 2026, 08:13

Photo1/2
Хубиҳои ин дунё беохиранд.
Танҳо бояд ба худ ҷуръати кашф кардани онҳоро бидиҳӣ
ва рӯзатро бо як табассум оғоз кунӣ.
Субҳатон ба хайр, ҳамраҳони азиз!
2,0600033
Хирад logo
Хирад

06-okt, 2026, 01:04

Photo1/2
Чеҳраҳо ошноянд? 👀 Биёед бубинем, чанд нафар аз ин нависандагони бузургро мешиносед! Номҳояшонро дар шарҳ нависед…
1,9800012
Хирад logo
Хирад

05-okt, 2026, 16:56

Photo1/2
Вақте об боло меояд, моҳиҳо мӯрчаҳоро мехӯранд;
вақте об поён меравад, мӯрчаҳо моҳиҳоро мехӯранд.
Пас ба бартарӣ ва қудрате, ки имрӯз дорӣ, зиёд дил набанд,
зеро рӯзгор метавонад бо як гардиш ҳама чизро дигар кунад.
1,8100036
Хирад logo
Хирад

05-okt, 2026, 10:24

Photo1/2
ЗОДРӮЗИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУБОРАК БОД!

Эй Хизрназаркарда, Худо ёрат бод!
Дар ҷодаи ҳақ Худо нигаҳдорат бод.
Дар ҷону дилат дарду ғами миллат ҳаст,
Дар роҳи сафо халқ мададгорат бод!

✍️Хиробон Латиф
1,6200037
Хирад logo
Хирад

05-okt, 2026, 09:33

Video
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ!

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
4,0000019
Хирад logo
Хирад

04-okt, 2026, 12:29

Video
Равоншинос Адам Грант дар бораи китоби мазкур гуфтааст:

«Ин пурмаънотарин китобест, ки то имрӯз дар бораи суханронии оммавӣ навишта шудааст».

Китоби «TED Talks: Сухан дунёро дигар мекунад» бо забони тоҷикӣ.

Суроғаҳои мо:
1. City Mall (82 мкр), супермаркети #Ёвар
2. кӯч. #Шотемур 71 (Спартак), супермаркети #Ёвар
1,630005
Хирад logo
Хирад

03-okt, 2026, 13:37

Омӯзгор
Он қаҳрамони кору дигар сафири давлат,
В-он шоири ҷаҳонӣ – дастонсарои миллат.
Ин баргузидаи халқ, он нозиши замона,
В-он зуфунуни якто, арбоби илму санъат.

Он як мунодии сулҳ, дигар мунодии бахт,
В-он қаҳрамони даврон – марди ҳалолкора.
Аз ордену медал сарсинаҳо ту гӯӣ
Як пора осмони беабри пурситора.

Рафтанд дур аз ту дар олами маонӣ,
Имрӯз ҳар кадоме донотаранд аз ту.
Дар ҷодаи тафаккур, дар пояи бузургӣ
Дар қадру манзалат ҳам волотаранд аз ту.

Ҳар гоҳашон бубинӣ, ёд оварӣ чӣ гуна
Меомаданд мактаб дар ҷузвдон «Алифбо».
Кони савол ҳар як жӯлидаеву ҳайрон
Олударанг дасту нӯки забону лабҳо.

Меомаданд мактаб бо шавқу орзуҳо
То аз ту ёд гиранд ҳарфи нахусти дониш.
Беназму бесалиқа, беақлу шӯху бесар
Буданд, то намудӣ роҳи дурусти дониш.

Омӯхтӣ ба онон соҳибдиливу мардӣ,
Аз шакли курратуларз – расми ҷаҳоншиносӣ.
Аз ҳарфҳои сода – шаҳди забони модар,
Аз байтҳои шоир – ойини дилгудозӣ.

Кони тило кушодӣ дар синаҳои бедоғ,
Дунёи нав намудӣ дар чашмҳои онон.
Колумб гар кушода Амрикро нахустин,
Дар пеши заҳмати ту корест саҳлу осон.

Ҷустӣ ситораи нав дар чашмҳои тифлон,
Кишваркушоӣ кардӣ дар шавқу орзушон.
Дарёфтӣ зи дилшон сайёраҳои дигар,
Пурмоя шоиреро аз сабки гуфтугӯшон.

То хостӣ ба онон роҳи сафед дар умр,
Мӯят сафед гардид аз ранҷи бешумора.
То аз канори мактаб гиранд роҳи некӣ
Дар арсаи талоши дунёи беканора.

Имрӯз гар мунаҷҷим ёбад ситораи нав,
Афрӯхтӣ ту онро дар дарс дар дили ӯ.
Шогирди ту чу бошад марди ватанпарасте,
Омӯхтӣ ту ин меҳр аз меҳри манзили ӯ.

Маъданшинос агар ёфт имрӯз кони тилло,
Онро кушода будӣ дар синааш ту аввал.
Кайҳоннавард роҳе гар дар фалак кушо-даст,
Тарҳаш кашида будӣ дар синааш ту аввал.

Бо он фурӯтаниву бо он шикастанафсӣ
Фарди бузургвори даврони мо ту ҳастӣ,
Кашшофи ақлу фитрат, ёбандаи маҳорат,
Андар ҷаҳони дилҳо кишваркушо ту ҳастӣ.
Лоиқ Шералӣ
1,6900021
Хирад logo
Хирад

02-okt, 2026, 12:54

Video
Дилатро ба ҷовидона будани ҳеч чиз хуш накун.
Одамҳо ба моддаҳои кимиёвӣ монанданд: дар шароити муайян вокуниши муайян нишон медиҳанд ва дар шароити дигар хосияти худро аз даст медиҳанд.
Касе, ки имрӯз бароят «ҷон» медиҳад, шояд фардо ҳатто «ҷавоб» ҳам надиҳад. Ин ҳатман аз бад будани ӯ нест; танҳо муҳлати он «нусха»-и ӯ дар зиндагии ту ба поён расидааст.
Биомӯз, ки аз ҳамроҳии одамон дар ҳамон лаҳзае, ки «хуб» ҳастанд, лаззат бибарӣ, бе он ки бихоҳӣ то абад соҳиби онҳо бошӣ.
Дунё истгоҳи қатор аст, на иқоматгоҳи доимӣ.
1,6600033
Хирад logo
Хирад

30-sen, 2026, 16:54

Video
✨ Ба бовари #Мавлоно, ҳеч дӯстӣ ва ҳамроҳӣ бесабаб нест. Дар ин ҷаҳон инсонҳо якдигарро ҷалб мекунанд ва аҳли нур ба сӯйи аҳли нур кашида мешаванд.
✨ Агар ба атрофи худ бодиққат назар кунем, гоҳе мебинем, ки одамоне, ки ба сӯйи мо меоянд, як хусусияти муштарак доранд. Баъзан ҳатто гила мекунем: «Чаро ҳамеша ҳамин гуна одамон сари роҳи ман пайдо мешаванд?!»
✨ Дар чунин ҳолатҳо бояд ба худ назар кунем ва бубинем, ки дар вуҷуди мо чӣ ҳаст, ки ин одамонро ба сӯйи мо ҷалб кардааст:

Дар ҷаҳон ҳар чиз, чизе ҷазб кард
Гарм, гармиро кашиду сард сард
Қисми ботил, ботилонро мекашанд
Боқиён аз боқиён ҳам сархушанд
Нориён мар нориёнро ҷозибанд
Нуриён мар нуриёнро толибанд
Хуб, хубиро кунад ҷазб ин бидон
Тайиботу тайибин бар вай бихон

📓"Маснавии маънавӣ".
1,9400027
Хирад logo
Хирад

30-sen, 2026, 13:53

Photo1/2
Рӯзи Мавлоно муборак бод!

Чу моҳӣ бош дар дарёи маънӣ,
Ки ҷуз бо оби хуш ҳамдам нагардад.
Малоле нест моҳиро зи дарё,
Ки бе дарё худ ӯ хуррам нагардад
1,8400031
Хирад logo
Хирад

30-sen, 2026, 10:18

Video
Агар ба ту як маслиҳати одӣ не, балки як нигоҳи дигар ба зиндагӣ лозим бошад, пас китоби «Жизнь тебя любит» аз #Луиза Хей метавонад ҳамсафари хубе бошад.
Китоб дар мағозаҳои Хирад Books дастрас аст.

Суроғаҳои мо:
1. City Mall (82 мкр), супермаркети #Ёвар
2. кӯч. #Шотемур 71 (Спартак), супермаркети #Ёвар
1,8300013
Хирад logo
Хирад

29-sen, 2026, 19:36

Photo1/2
Баъзе китобҳоро мехонию ба раф мегузорӣ, ки як ҷумлааш ё як ҳаракати қаҳрамонаш солҳо туро ҳамроҳӣ мекунад.
Ва ҳатто як ҷумлааш метавонад ба саволе ҷавоб диҳад, ки муддатҳо дар дил доштӣ. Як саҳифааш метавонад ба чизе, ки ҳар рӯз медидӣ, маънои нав бахшад.
Барои ҳамин китоб хондан танҳо варақ задан нест. Ин фурсатест, ки аз чашми дигаре ба зиндагӣ нигоҳ кунӣ ва баъд бо нигоҳи тозатар ба роҳи худ баргардӣ.
Китоби хуб ҳамвора ба ту ёрӣ медиҳад, ки зиндагии худро беҳтар дарк намоӣ!
1,8300020
Хирад logo
Хирад

29-sen, 2026, 11:42

Photo1/2
Нигоҳи нав
Ҳар калимае, ки аз забонат мебарояд, ба боварҳои ту таъсир мерасонад.
Вақте мегӯӣ: «Ман одами боистеъдод нестам», дар асл худатро ба нокомӣ маҳкум мекунӣ ва гӯё ба коинот фармон медиҳӣ, ки тамоми чизҳои манфиро ба сӯят равона кунад.
Кӯшиш кун, вақте дар зеҳнат бо худ суҳбат мекунӣ, суханонат аз мавқеи тавоноӣ бошанд. Зеро ҳар чизе, ки ба худ мегӯӣ, чанд баробар ба сӯят бармегардад!
Қонуни зиндагӣ, қонуни боварҳост.
2,0700026
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Фарқи бузургест миёни касе, ки танҳо мондааст ва касе, ки танҳоиро интихоб кардааст.
Касе, ки танҳо мондааст, шояд дар интизори касест. Ва ё дар дилаш холигӣ дорад ва аз набудани ҳамсуҳбат, ҳамдард ё ҳамроҳ ранҷ мебарад. Танҳоии ӯ бештар ба набудан монанд аст.
Аммо касе, ки танҳоиро интихоб кардааст, ҳатман танҳо нест. Ӯ шояд фаҳмидааст, ки баъзан оромӣ беҳтар аз суҳбати беҳуда, сукут беҳтар аз баҳси бемаънӣ ва танҳоӣ беҳтар аз ҳузури одамони нодуруст аст.
Танҳоии интихобшуда метавонад маконе бошад барои шинохтани худ, ҷамъ кардани фикрҳо ва шунидани садои ботин. Ин гуна инсон аз мардум намегурезад ӯ танҳо омӯхтааст, ки барои пур кардани холигии худ ба ҳар ҳузуре муҳтоҷ набошад.
Танҳо мондан метавонад дард бошад, аммо танҳоиро интихоб кардан баъзан нишонаи оромӣ, худшиносӣ ва озодист.
2,0900039
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Туро, ки ҳиммату иқболу фарру бахтест
Ба ҳар чӣ саъй кунӣ давлатат диҳад ёре...
Саъдии Шерозӣ

Агар чизе аз таҳти дил мехоҳӣ, агар фикри расидан ба он туро ором намегузорад, зуд ноумед нашав. Шояд роҳаш дароз бошад, шояд чанд бор хаста шавӣ, ҳатто шояд лаҳзаҳое бирасанд, ки фикр кунӣ дигар намешавад. Аммо ин ҳанӯз охири қисса нест.
Ҳар чизе, ки арзиши расидан дорад, одатан сабр, талош ва чанд бор аз нав оғоз кардан мехоҳад. Муҳим он аст, ки дар миёнаи роҳ аз худат даст накашӣ.
Пас агар орзуе ба дилат нишастааст, барои он қадам гузор. Кӯшиш кун, омӯз, сабр кун ва идома деҳ. Шояд охири қиссаи ту маҳз ҳамон чизе бошад, ки имрӯз танҳо орзуяшро дорӣ.
2,6700044
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Баъзе чизҳоро намешавад аввал шикасту баъд бо як «бахшиш» дубора мисли рӯзи аввал сохт.
Намешавад ҳар чизе, ки дар вақти хашм ба забон омад, бигӯӣ, дили касеро озор диҳӣ, эҳтиромашро бишканӣ, баъд ором шавӣ ва фикр кунӣ, ки ҳама чиз фаромӯш мешавад. Одам метавонад туро бубахшад, метавонад дигар чизе нагӯяд, ҳатто метавонад боз табассум кунад… аммо ин маънои онро надорад, ки дар дарунаш чизе нашикастааст.
Баъзе суханҳо захме мегузоранд, ки дида намешавад. Баъзе рафторҳо деворе месозанд миёни ду дил. Баъд аз он инсон шояд ҳанӯз дӯстат дорад, аммо дигар мисли пештара озодона дӯст дошта наметавонад. Шояд туро бовар кунад, аммо дар гӯшае аз дилаш ҳамеша як тарс мемонад: «Боз ҳамин ҳолат такрор нашавад…»
Муносибат танҳо дӯст доштан нест, нигоҳубин кардан ҳам ҳаст. Яъне дар лаҳзаи хашм ҳам бояд бидонӣ, ки кадом суханро набояд гуфт. Ҳар эҳсосеро набояд ба сари касе рехт ва ҳар асабониятро набояд баҳона кард.
Зеро на барои ҳар иштибоҳ фурсати ҷуброн ҳаст.
Баъзан чизе мешиканад, ки номи он «эҳтиром» аст. Ва вақте эҳтиром шикаст, на ҳар узрхоҳӣ онро бармегардонад, на ҳар оғӯш ва на ҳар «ман туро дӯст медорам».
Пеш аз он ки сухане бигӯӣ, ки баъд пушаймон мешавӣ, як лаҳза фикр кун: шояд ту баъдтар ором шавӣ, аммо он сухан дар дили касе солҳо бимонад.
2,4200036
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Мегӯянд: «Бо ҳар кас ҳамон гуна рафтор кун, ки ӯ бо ту рафтор мекунад».
Аммо ман фикр мекунам, агар ин қоидаро қабул кунем, оҳиста-оҳиста аз худи мо чизе боқӣ намемонад.
Агар касе дағал буд, мо ҳам дағал шавем?
Агар касе хиёнат кард, мо ҳам хиёнат кунем?
Агар касе беэҳтиромӣ кард, мо ҳам беэҳтироми кунем?
Пас фарқи мо аз ӯ дар чӣ мемонад?
Инсон будан маънои онро надорад, ки ба ҳар рафтор бо рафтори монанд ҷавоб диҳем. Баръакс, бузургии инсон дар он аст, ки ҳатто дар баробари бадрафторӣ ҳам асолати худро аз даст надиҳад.
Ҳар кас метавонад бо ту он гуна рафтор кунад, ки тарбия, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи худаш иҷозат медиҳад. Аммо ту бояд он гуна рафтор кунӣ, ки шахсият ва тарбияи худат талаб мекунад.
Нагузор беэҳтиромии дигарон туро беэҳтиром кунад.
Нагузор хашми дигарон оромии туро бигирад.
Нагузор бадии касе сабаб шавад, ки ту ҳам аз некии худ даст кашӣ.
Баъзан ҷавоби беҳтарин ба бадӣ бадии дигар нест. Баъзан беҳтарин ҷавоб он аст, ки оромона роҳи худро идома диҳӣ ва ҳамон инсоне бимонӣ, ки ҳамеша будӣ.
2,3800060
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Зиндагӣ танҳо аз рӯзҳои равшан ва танҳо аз шабҳои торик ҳам иборат нест.
Рӯзҳое мешаванд, ки ҳама чиз мувофиқи орзуҳоят пеш меравад ва рӯзҳое ҳам меоянд, ки гӯё тамоми дарҳо баста шудаанд.
Аммо маҳз ҳамин пастиву баландиҳо моро қавитар, оқилтар ва пуртаҷрибатар месозанд.
Агар ҳамеша офтоб мебуд, мо қадри сояро намедонистем. Агар ҳамеша осонӣ мебуд, муваффақият дигар лаззате надошт.
Пас на аз душвориҳо ноумед шав ва на аз комёбиҳо мағрур. Ҳар ду муваққатиянд ва ҳар ду барои омӯхтани дарсе ба зиндагии мо меоянд.
Ҳунари зиндагӣ дар он нест, ки танҳо рӯзҳои хубро дӯст дорӣ, ҳунари зиндагӣ он аст, ки ҳатто дар рӯзҳои 🔤🔤🔤🔤 низ умедро аз даст надиҳӣ. Зеро зебоии зиндагӣ аз омезиши рӯзу шаб, шодиву ғам ва талошу пирӯзӣ офарида мешавад.
2,4600029
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Баъзан бузургтарин душмани оромии мо воқеият нест, балки хаёлҳои худи мост.
Як фикри манфӣ меояд... Мо онро калон мекунем. Ба он ҳодисаҳои дигарро зам мекунем. Дар зеҳни худ даҳҳо сенария месозем, ки шояд ҳеҷ кадомашон рӯй надиҳанд.
Чанд рӯз худро ғамгин мекунем, шабҳо бехоб мемонем ва аз чизҳое метарсем, ки танҳо дар тасаввури мо вуҷуд доранд.
Ҳақиқат ин аст, ки зиндагӣ бисёр вақт аз фикрҳои тарсовари мо меҳрубонтар аст.
Пас пеш аз он ки худро бо фикрҳои беохир хаста кунӣ, аз худ бипурс:
«Оё ин воқеият аст ё танҳо тахмини ман?»
Зиндагӣ барои нигаронии беохир нест. Он барои зиндагӣ кардан, кӯшиш кардан ва лаззат бурдан аз ҳар лаҳза аст.
Фикрҳои худро идора кун, вагарна онҳо зиндагии туро идора мекунанд.
2,8000032
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Video
Одамон монанди фаслҳои соланд...
Баъзеҳо мисли баҳор меоянд: бо ҳузурашон умед, табассум ва нерӯи нав мебахшанд.
Баъзеҳо мисли тобистонанд: гармӣ медиҳанд, аммо агар аз ҳад наздик шавӣ, метавонанд бисӯзонанд.
Баъзеҳо мисли тирамоҳанд: бо рафтанашон ба ту меомӯзанд, ки на ҳама чиз барои ҳамеша мемонад.
Ва баъзеҳо мисли зимистонанд: сард, хомӯш ва дур, аммо маҳз онҳо қадри гармии муҳаббатро ба ту мефаҳмонанд.
Дар зиндагӣ ҳар кас бо ҳадафе меояд. Яке дарсе меомӯзонад, дигаре захме мегузорад, саввуми қуввати аз нав бархостанро мебахшад.
Муҳим он нест, ки чанд нафар аз зиндагии ту гузаштанд. Муҳим он аст, ки кадоме аз онҳо баъди рафтанашон туро инсони беҳтар карданд.
Пас одамонро на аз рӯи муддати ҳузурашон, балки аз рӯи таъсире, ки дар қалбат мегузоранд, арзёбӣ кун. Зеро баъзан як дидори кӯтоҳ метавонад дарси тамоми умр бошад.
2,3100035
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Баъзан пеш аз он ки дигаронро арзёбӣ кунем, беҳтар аст лаҳзае назди оинаи виҷдони худ биистем.
Аз худ бипурс:
«Агар имрӯз бори аввал бо худ шинос мешудам, оё дӯст медоштам бо чунин инсон дӯст шавам?»
Оё бо суханонам оромиш мебахшам ё ранҷ?
Оё ҳузурам ба дигарон нерӯ медиҳад ё хастагӣ?
Оё шахсе ҳастам, ки мардум ба ӯ бовар мекунанд?
Ҷавоби ин саволҳо барои айбдор кардани худ нест, балки барои шинохтани худ аст.
Зеро бузургтарин тағйирот аз ҳамон рӯз оғоз мешавад, ки 🔤🔤🔤🔤🔤 ҷуръат мекунад бо худ ростқавл бошад.
Ҳар рӯз кӯшиш кун нусхаи беҳтари дирӯзаи худ бошӣ. Зеро муҳимтарин инсоне, ки тамоми умр ҳамроҳи туст, худи ту ҳастӣ.
2,1800026
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Ба ҳамон дӯсти наздикат фикр кун, ки орзу доштӣ рӯзе ӯро дар либоси арӯсӣ ё домодӣ бубинӣ, аммо туро ба тӯяш даъват накард.
Ба ҳамон муносибате фикр кун, ки гумон мекардӣ бе ту як рӯз ҳам давом намекунад, аммо имрӯз мебинӣ, ки зиндагии худро хеле ором идома дода истодааст.
Ба ҳамон орзуе фикр кун, ки солҳо ҳангоми хомӯш кардани шамъҳои зодрӯзат барои амалӣ шуданаш дуо мекардӣ, вале имрӯз орзуҳои дигар ҷойи онро гирифтаанд.
Азизи дили бародар, як ҳақиқатро фаромӯш накун: мо одамон танҳо қисме аз саргузашти якдигар ҳастем, на тамоми он.
На касе, ки дар оғози роҳ ҳамроҳи ту буд, имрӯз ҳатман дар паҳлӯят аст ва на касе, ки имрӯз ҳамсафари туст, аз аввал бо ту будааст.
Зиндагӣ туро он қадар ба пастиву баландӣ мебарад, он қадар одамонро вориди зиндагият мекунад ва баъд онҳоро аз он хориҷ месозад, ки дар ниҳоят як ҳақиқатро биомӯзӣ:
Ягона шахсе, ки то охири роҳ ҳамеша бо ту мемонад, худат ҳастӣ.
Шояд захм бихӯрӣ. Шояд ҳасрат кашӣ. Шояд дили ту барои касе танг шавад.
Аммо ин маънои поёни ту нест.
Ту аз ҳама сахтиҳо қавитар ҳастӣ ва ҳар бор имкони аз нав оғоз карданро дорӣ.
Пас худро дӯст дор, қадри худро бидон ва ҳамеша ғами худро бихӯр. Зеро муҳимтарин муносибате, ки дар тамоми умр ҳамроҳи ту мемонад, муносибати ту бо худат аст.
2,0800035
Хирад logo
Хирад

09-sen, 2026, 01:59

Photo
Дар охир мефаҳмед, ки дар ин дунё ҳеҷ кас ба андозаи шумо 🔤🔤 нафар ба ҳамдигар наздик нест.
Бо ҳам аз хонаҳои иҷора мегузаред, қисту қарз ва душвориҳои сохтани зиндагиро паси сар мекунед. Бо дидани ду хати рӯи як санҷиш, тамоми дунёятон дигар мешавад. Шабҳои бехобиро дар паҳлуи ҳам сипарӣ мекунед, рӯзҳои тангдастиро таҳаммул менамоед ва лаззати муваффақиятро низ якҷоя мечашед.
Бо ҳам сафар мекунед, дар нишастҳои хонаводагӣ иштирок мекунед, тӯйи фарзандонатонро ҷашн мегиред, чанд бор ҷойи зистатонро иваз мекунед. Баъзан аз ҳам меранҷед, баъд боз оштӣ мекунед. Бо хабарҳои хуш якҷоя механдед ва ҳангоми шунидани хабарҳои талх, пуштибони ҳамдигар мемонед.
Ва рӯзе, вақте мӯйҳоятон сафед шудаанду дар як шоми ороми тобистон паҳлуи ҳам нишастаед, ба чашмони якдигар нигоҳ карда, аз таҳти дил мегӯед:
«Ташаккур, ки то охири ин роҳ ҳамроҳи 🔤🔤🔤 мондӣ...»
Он вақт мефаҳмед, ки зеботарин қисми зиндагӣ худи роҳе буд, ки якҷоя тай кардед, на танҳо расидан ба манзили ниҳоӣ.
1,9600040

Showing 30 of 82 posts

Reyting

Kirish talab qilinadi

Frequently Asked Questions

Хирад Telegram kanali nima haqida?+

Хирад (@khiradtj) — tgdio da Ilhomlantiruvchi so'zlar toifasidagi Telegram kanali. Reyting, sharhlar, rang va so‘nggi postlarni ko‘rib, obuna bo‘lishdan oldin qaror qiling. Hozir tgdio da taxminan 6 245 obunachi bor.

Хирад (@khiradtj) kanaliga Telegramda qanday qo‘shilaman?+

tgdio da kanal profilini oching, so‘ng Join / Open in Telegram orqali @khiradtj ga bepul obuna bo‘ling.

Хирад yaxshi Ilhomlantiruvchi so'zlar kanalimi?+

tgdio da qo‘shilishdan oldin Хирад reytingi, sharhlari, rangi va postlarini tekshiring. Hozir tgdio da taxminan 6 245 obunachi bor. O‘xshash Ilhomlantiruvchi so'zlar kanallar bilan solishtiring.

Хирад statistikasi va postlarini qayerda ko‘raman?+

tgdio da @khiradtj sahifasini oching: obunachilar statistikasi, rang, reyting va postlar. Stats havolasi o‘sish grafiklarini ko‘rsatadi.