
🔸Дастикам панҷ донишҷӯйро барои иштирок накардан дар роҳпаймоӣ ё маршировкаи бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки мақомот онро "чорабинии муҳими сиёсӣ" меноманд, аз таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ маҳрум кардаанд.
🔸Ин дар ҳолест, ки пештар намояндагони чанд донишгоҳ ва Вазорати маориф гуфта буданд, ки ширкат дар чунин маросим ихтиёрист, на маҷбурӣ.
🔸Фармони раёсати Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар бораи ихроҷи камаш панҷ донишҷӯ ҳанӯз моҳи август содир шудааст.
🔸Радиои Озодӣ нусхаи онро 19-уми октябр тавассути манбаъҳояш дастрас кард.
🔸Дар фармон сабаби расмии ихроҷи донишҷӯёнро “иштирок накардан дар чорабинии сиёсӣ” номидаанд.
#ozodisocial #радиоиозодӣ #озодӣ #радиоиозодӣ #озодӣ #озоди #радиоиозоди